вибратор — [ويبرتار] лот. тех. олати ба вуҷудорандаи ларзиш (барои беҳтар шибба ё зич карда рехтани бетон ва ғ.), навасонгар … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
вибратсия — [ويبرتسيه] лот. ларзиш, навасон … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
инфрасадо — [اينفره صدا] ларзишҳои зудиашон кам, ки инсон ба гӯш онҳоро эҳсос карда наметавонад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
иртиод — [ارتعاد] а. кит. аз тарс ларзидан; ларзиш, беоромӣ ва ҳавлу ҳарос … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
иртиош — [ارتعاش] а. кит. ларзидан: ларзиш, ларза; иртиоши савт ларзиши овоз … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ихтиллоҷ — [اختلاج] ҳаракати мушаки ягон узви бадан (мас., чашм) бе иродаи шахс; ларзиш, ҷунбиш, паридани ягон узв … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ларз — I [لرز] асоси замони ҳозира аз ларзидан II [لرز] ларза, ларзиш; табу ларз вараҷа, табларза; тарсу ларз аз шиддати тарс ларзидан; бо тарсу ларз тарсону ларзон; ларз ларз ларзанда, ларзон; ларз хӯрдан ларзидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ларзон — [لرزان] феъли ҳол аз ларзидан; дар ҳолати ларзиш буда, ларзанда: бо дастони ларзон, бо овози ларзон: тарсону ларзон дар ҳолати тарсу ларз, бо тарсу ларз; ларзон шудан ларзидан, ба ларза афтодан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ларзонидан — [لرزاندن // لرزانيدن] тарзи бавоситаи ларзидан; ба ларза овардан, ба ларзиш водор кардан; ҷунбондан, такон додан; ба эҳтизоз овардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пир-пир — [پر پر] калимаи тақлиди овоз, ки ларзиш ё паридани чизеро ифода мекунад: пирпир паридан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ